ҲУҚУҚУЛЛОҲ (#15681)

Бузурги Ту, Эй Раббул коинот ва Марҷаи мумкинот. Шаҳодат медиҳам бо лисони зоҳирӣ ва ботинии худ ба он ки Ту Худро зоҳир ва ошкор кардаӣ, оёти Худро нозил кардаӣ ва шаҳодати Худро эълон кардаӣ. Гувоҳӣ медиҳам, ки аз ҳар чизе ҷуз Худат бениёзӣ ва муқаддастарӣ аз ҳама ашёи заминӣ. Суол мекунам Туро ба иззати Амри азимат ва иқтидори Калимотат, ки таъйид намо касеро, ки мехоҳад он чиро, ки дар китоби Ту бар у муқаррар кардаӣ, ҳадя кунад ва амал кунад ба он чӣ, ки атри қабули Туро бирасонад. Ба ростӣ, Туӣ Муқтадир ва Файёз ва Ғафур ва Карим!

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ҲУҚУҚУЛЛОҲ (#15682)

Ба Номи Ақдас ва Аъзам ва Абҳои Ман Эй дустони Ман, дар Ризвон нидои Парвардигори Раҳмони худро бишнавед. Ба ростӣ, У шуморо зикр менамояд ба фазле аз назди Худ, то ба фирдавс шуморо ҷазб намояд, ба ҷойгоҳе, ки дар он Тахти Парвардигори Омурзанда ва Диҳандаи шумо барқарор аст. Дарахти шиносоӣ дар замини гуфтор руйид ва нотиқ шуд, ки ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ман–Доно ва Хирадманд.Хушо аз барои оне, ки дар сояи барге аз баргҳои он даромад. Ба ростӣ гардиши рузгор уро андуҳгин манамояд ва шубҳаҳои касоне, ки аз Ҳақ ру гардонидаанд, уро ғамгин манамоянд. Оне, ки имруз ба Худованд ру оварад Анҷумани Боло ва аҳли шаҳрҳои бақо сипас ононе, ки бар киштии бузургӣ нишастаанд, сипас ҳақиқатҳои муқаррабон дар гирди у чарх хоҳанд зад. Эй дустони Ман, ки он ҷоед, бо болҳои инқитоъ дар ин фазое парвоз намоед, ки дар он заррае аз заррот ҳаргиз ҳаракат манамояд, магар он ки бигуяд он чиро, ки Сидраи Навро дар Қутби Сино гуфт: Ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ман, Пок ва Зебо. Дидаҳои Худро покиза намоед ва ба Уфуқи Аълои Ман таваҷҷуҳ кунед. Ба Худо савганд, ки зоҳир шуд он чӣ дар оламҳо зоҳир нагардида буд ва ба калимаи улёе нотиқ шуд, ки ба ҳарфе аз он офтобҳо дурахшанда гардиданд ва аз он огаҳ нашуд, магар Нафси Донои Ман. Ва ба воситаи У, аз оғози беоғоз, Китобҳои Худованд зоҳир мегардид ва ба воситаи У дилҳои ононе мунҷазиб шуд, ки аз он чӣ ҷуз Уст гузаштаанд ва ба руйи Дурахшандаи Тобони У руй Дар амри Худованд муттаҳид шавед ва тани худро ба ҷомаи дустӣ ва ягонагӣ биёроед. Инчунин Молики эҷод аз ин зиндони дурдаст ба шумо амр медиҳад: Оне, ки имруз ба он чӣ аз ҷониби Худованд дастур дода шудааст, сарафроз мегардад, ба гуфтори у офариниш ҷазб ва шефта мегардад ва ба ёди у коинот ба ҷуш ва хуруш меояд. Ин аст, шоистаи оне, ки имруз ба Беҳамто ва Огоҳ руй овард.
Барои шаҳрҳои Худованд ва диёри У чун бодҳои баҳорӣ бошед, то аз замини дилҳо сунбулҳои ёд ва ситоиши Худованд бируяд. Ба ростӣ, Уст, Мазҳари Дастгир ва Азиз ва Хирадманд. Ин Китобест, ки дар гирди он китобҳои офариниш чарх мезананд, валекин чӣ басо мардум дар ғафлатанд. Аҳком нозил фармудем ва он чиро хост рост ва ҳақ шарҳ додем, то пайравӣ намоед, он чиро ки ба Қуввае аз назди Мо ба шумо дастур дода шудааст. Ва ру наоред ба он касоне, ки аз Ин Руй эъроз намудаанд, ҳангоме ки аз Уфуқи ошкор дурахшон шуд. Эй  Қавми  Ман, ба Худованд ва амрҳои У тамассук ҷуед. Ба ростӣ, У шуморо аз ононе, ки эъроз намудаанд, бениёз мегардонад. Ба ростӣ, У бо он бандагонест, ки ба У ру Мабодо, ки пардаҳои башарӣ шуморо аз Манзари Акбар боздоранд ва ишораҳои қавм шуморо аз роҳи рости Ман манъ намоянд. Касоне, ки имрузҳо инкор намудаанд, агар онҳоро муъмин номем, оё рост гуфтаем? На, савганд ба Ҷони Ман, ки ҳақ аст! ба ин ҳар як орифи биное шаҳодат медиҳад. Ҷонҳои худро аз он касоне, ки худовандро инкор намудаанд ва бурҳони Уро рад намудаанд ва оёти У муҷодила кардаанд ҳифз намоед. Магар онҳо аз ҳалокшудагон нестанд? Аз он чӣ бутпарастон мегуянд андуҳгин машавед. Зуд аст, ки ҷонҳои худро дар ҳовияи қаҳр ва ҳайкалҳои шуморо дар мақоми пурато бинанд. Ба ростӣ мо уфуқи шиносоиро офтоби баёни Парвардигори Бахшандаи шумо равшан намудем ва онро ба фазле аз назди Худ ба шумо фиристодем ва Манам Бахшандаи Меҳрабон. Ҳангоме ки буйи хуши Яздонро аз гуфтори осмонии У пайдо намудед ба ёд ва ситоиши Яздон пардозед, то касоне, ки дар хобанд бедор шаванд ва ба Яздон Худованди Ҷаҳон ру намоянд. Ҷалол ва равшанӣ бар шумо бод, эй ёрони ман ва сано бар шумо бод, эй дустони Ман, ба суйи Худованд – Маҳбуби орифон. Шодӣ кунед, ки ин лавҳ аз осмони Парвардигори Файзбахш ва Диҳанда ва Азиз ва Азим нозил шуд.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

