ЭРОН (#14607)

Ба номи Яздони меҳрабон! Пок Яздоно, хоки Эронро аз оғоз мушкбез фармудӣ, ва шӯрангез, ва донишхез, ва гавҳаррез. Аз ховараш ҳамвора хуршедат нурафшон ва дар бохтараш моҳи тобон намоён, кишвараш меҳрпарвар, ва дашти биҳиштосояш пургул ва гиёҳи ҷонпарвар, ва кӯҳсораш пур аз меваи тоза ва тар, ва чаманзораш рашки боғи биҳишт, ҳушаш пайғоми суруш, ва ҷӯшаш чун дарёи жарф пурхурӯш. Рӯзгоре буд, ки оташи донишаш хомӯш шуд, ва ахтари бузургворияш пинҳон дар зери рӯпӯш, баҳораш хазон шуд ва гулзори дилрабояш хорзор, чашмаи ширинаш шӯр гашт, ва бузургони нозанинаш овора ва дар ба дари ҳар кишвари дур, партаваш торик шуд ва рудаш оби борик, то он ки дарёи бахшишат ба ҷӯш омад ва офтоби диҳиш дардамид, баҳори тоза расид ва боди ҷонпарвар вазид ва абри баҳман борид, партави он меҳри меҳрпарвар тобид, кишвар биҷунбид ва хокдон гулистон шуд ва хоки сиёҳ рашки бӯстон гашт, ҷаҳон ҷаҳони тоза шуд ва овоза баланд гашт, дашт ва кӯҳсор сабзу хуррам шуд, ва мурғони чаман ба тарона ва оҳанг ҳамдам шуданд.
Ҳангоми шодмонист, пайғоми осмонист, бунгоҳи ҷовидонӣ аст, бедор шав, бедор шав, Эй Парвардигори Бузургвор, ҳол анҷумане фароҳам шуда ва гурӯҳе ҳамдостон гашта, ки ба ҷон бикӯшанд, то аз он борони бахшишат баҳра ба ёрон диҳанд, ва кӯдакони худро ба нирӯи парваришат дар оғӯши ҳуш парварда, рашки донишмандон намоянд, оини осмонӣ биёмузанд ва бахшиши Яздонӣ ошкор кунанд. Пас Эй Парвардигори меҳрубон, Ту пушт ва паноҳ бош, ва нерӯи бозу бахш, то ба орзуи хеш расанд, ва аз кам ва беш даргузаранд, ва он марзу бумро чун намунаи ҷаҳони боло намоянд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

