ШИФО (#15673)

Эй Худои ман!  Номи Ту шифои ман аст, ва зикри Ту давои ман аст, ва наздикӣ ба Ту умеди ман аст, ва меҳри Ту муниси ман аст, ва меҳрабонии Ту дар дунё ва охират табиби ман, ва дастгири ман аст. Ба ростӣ, Туӣ Диҳанда ва Доно ва Хирадманд.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ШИФО (#14391)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин ташнаи салсабили ҳаётро аз чашмаи ҳаявон бинӯшон ва ин алилро аз дармони малакутӣ муолиҷа фармо. Ин маризро шифои ҳақиқӣ бахш ва ин тариҳи фирошро аз дарёқи аъзам қувва ва тавоноӣ ато фармо. Туӣ Шофӣ, Туӣ Кофӣ, Туӣ Вофӣ.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШИФО (#14392)

Ҳуваллоҳ! Эй мутаваҷҷеҳи Илаллоҳ, дида ба Малакути ғайби ҷабарут боз кун ва ба ин муноҷот оғози ниёз кун, ки Эй Меҳрабон! Ту сатр кун ва бипӯш, хато аз мо ато аз Ту, ҷафо аз мо вафо аз Ту, гуноҳ аз мо паноҳ аз Ту, беморӣ аз мо шифо аз Ту. Бипӯш ва биёмурз, вафо кун, паноҳ деҳ, шифо бахш.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШИФО (#14393)

Аллоҳу Абҳо Эй мутаваҷҷеҳи Илаллоҳ! Чашм аз ҷамеъи мосиво барбанд ва ба Малакути Абҳо баркушо. Он чӣ хоҳӣ аз Ӯ хоҳ ва он чӣ талабӣ аз Ӯ талаб. Ба назаре сад ҳазор ҳоҷот раво намояд ва ба илтифоте сад ҳазор дарди бедармон даво кунад. Ва ба инъитофе захмҳоро марҳам ниҳад, ва ба нигоҳе дилҳоро аз қайди ғам бираҳонад. Ончӣ кунад, Ӯ кунад, мо чӣ тавонем кард. Яфъалу мо яшоъ ва яҳкуму мо юрид аст. Пас сари таслим неҳ ва таваккул бар Рабби Раҳим беҳ. Вал Баҳоу алайк!

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ШИФО (#14394)

Ҳуваллоҳ! Илоҳӣ, Илоҳӣ! Ба Ту руй овардаам, ва аз Ту обҳои уқёнуси шифоятро металабам. Эй Парвардигори ман! Бо марҳамати Худ маро ёрӣ деҳ, то дар хидмати халқат бошам, ва бандагони Туро шифо бахшам. Агар Ту маро кӯмак кунӣ, ҳар илоҷе аз ман доруи шифобахш барои ҳар беморӣ, маҷрои обҳои ҳаётбахш барои ҳар ташнагии сӯзон, ва малҳами оромибахш барои ҳар як қалби муштоқ гардад. Агар маро ёрӣ надиҳӣ, ҷуз ранҷ нахоҳад буд, ва ман ба душворӣ битавонам нафсеро шифо бахшам. Илоҳӣ, Илоҳӣ! Маро бо қудрати Худ барои шифои беморон дастгирӣ ва мадад кун. Дар ҳақиқат Туӣ Шифодиҳанда, Кифояткунанда, Оне Ки рафъкунандаи ҳамаи дарду бемориҳост, Оне Ки ҳукмфармо бар ҳамаи ашёст.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

