ХИДМАТ (#14483)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрубон, қулубро ба нури ҳидояти кубро мунаввар фармо. Ҷонҳоро ба башорати узмо ҳаёт бахш. Чашмҳоро ба мушоҳидаи анворат равшан кун. Гӯшҳоро ба истимоъи нидоят шунаво фармо. Моро дар Малакути тақдисат дохил намо ва ба нафасоти Руҳулқудс зинда кун. Ҳаёти абадия бахш, камолоти осмонӣ ато фармо. Худовандо ҷонҳои моро фидои худ кун ва моро руҳи ҷадид карам намо. Қуввате осмонӣ деҳ. Сурури абадӣ бахш. Муваффақ ба хидмати олами инсонӣ намо. Сабаби улфати байни қулуб кун.  Худовандо, моро аз хоб бедор намо ва оқил ва ҳушёр кун, то ба асрори Китоби Муқаддасат воқиф гардем ва ба румузи калимотат пай барем. Туӣ Муқтадир, Туӣ Диҳанда, Туӣ Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ХИДМАТ (#14484)

Ҳуваллоҳ! Абдулбаҳо ҳамвора ба даргоҳи Аҳадият аҷз ва ибтиҳол намояд, ки: Эй Худованди беҳамто, ин нуфуси пуршавқ ва валаҳро ба раҳмати бепоён муваффақ фармо, то мавоҳиби олами инсонӣ гарданд ва мазоҳири алтофи Раббонӣ. Дар гулистони ҳидоят гулҳои пуртароват гарданд ва дар риёзи ҳақиқат дарахтонe, дар ниҳояти латофат. Эй Худованд, бар хидмати Хеш муваффақ фармо ва аз бегона ва хеш мустағнӣ кун. Дар ҳар даме шабнаме фирист, то гулшани қулуб сабз ва хуррам гардад ва раёҳини файзи иноят бирӯяд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ХИДМАТ (#14485)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ман гунаҳкорам ва Ту Омурзгор, мадҳуш аз хамри ғафлатам ҳуш иноят кун, машғул ба азкори ҷаҳон пурғамам, гӯше иноят фармо, то оҳанги Малаъи аъло бишнавад, ва гулбонги андалеби қудсат истимоъ намояд, ва нафаҳоти туюри шукр ба қуввае воҳия эҳсос кунад. Эй Парвардигор, парда аз чашм бардор, то мушоҳидаи оёти кубро кунам ва мулоҳизаи дақоиқи асрори кибриё намоям. Дилро ҷоне бибахш ва ҷонро руҳ ва райҳоне ато фармо, ки сазовори ин қарни азим бошад ва лоиқи ин асри маҷид. Ва алейкал Баҳо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ХИДМАТ (#14486)

Ҳуваллоҳ! Эй Худо! Ту шоҳидӣ ва гувоҳӣ, ки дар дил ва ҷон орзуе надорам, ҷуз он ки ба ризоят муваффақ гардам ва ба убудиятат муайяд шавам. Ба хидматат пардозам ва дар карми азимат бикӯшам, ва ҷон ва динро дар роҳат фидо намоям. Туӣ Доно, Туӣ Бино. Ҳеҷ орзуе, ҷуз ин надорам, ки аз муҳаббатат сар ба кӯҳ ва саҳро ниҳам ва фарёд ба зуҳури малакутат намоям ва нидоятро ба ҷамеъи гӯшҳо бирасонам. Эй Худо! Ин бечораро чорае бахш ва ин дардмандро дармоне деҳ ва ин маризро илоҷе ато кун. Бо қалбе сӯзон ва чашме гирён ба даргоҳат муноҷот менамоям: Эй Худо! Дар сабилат ҳар балоеро муҳайё ҳастам ва ҳар садмаеро ба ҷон ва дил орзу намоям. Эй Худо! Аз имтиҳон муҳофиза намо. Ту медонӣ, ки аз ҳар чизе гузаштаам ва аз ҳар фикре фориғ шудаам, ҷуз зикри Ту шуғле надорам ва ҷуз хидматат орзуе нахоҳам.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ХИДМАТ (#14487)

Ҳувал Ҳаққул Қайюм! Илоҳӣ! Ту Бино ва Огоҳӣ, ки малҷаъ ва паноҳӣ. Ҷуз Ту наҷуста ва наҷӯям, ва ба ғайр аз сабили муҳаббатат роҳе напаймуда ва напӯям.Дар шабони тираи ноумедӣ дидаам ба субҳи умеди алтофи бениҳоятат равшан ва боз, ва дар саҳаргоҳӣ ин ҷон ва дили пажмурда ба ёди ҷамол ва камолат хуррам ва дамсоз. Ҳар қатрае, ки ба авотифи раҳмониятат муваффақ, баҳрест, бекарон ва ҳар заррае, ки ба партави иноятат муайяд, офтобест дурахшанда ва тобон. Пас– Эй Пок Яздони ман! Ин бандаи пуршӯр ва шайдоро дар паноҳи Худ паноҳ деҳ ва бар дӯстии Хеш дар олами ҳастӣ собит ва мустақим бидор, ва ин мурғи бепар ва болро дар ошёни Раҳмонии Худ, ва дар шохсори руҳонии Хеш,макон ва маъвое ато фармо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

