НАВРУЗ (#15683)

Ситоиш туро сазост, Эй Худои ман! Чунки Наврузро барои ононе, ки дар роҳи муҳаббати Ту руза гирифтаанд ва худро аз ҳар ончи Ту макруҳ шумурдаӣ боздоштаанд, ид сохтаӣ Эй Парвардигори ман! Аз оташи меҳри Худ ва гармии рузаи Худ ононро дар Амри Худ барафруз ва ба ёди Худ ва ситоиши Худ машғул дор. Эй Парвардигори ман! Чун онҳоро ба зевари руза биоростӣ, ба фазли Худ ва эҳсони Худ онҳоро ба зинати қабул низ биорой. Зеро рафтори мардумон танҳо ба қабули Ту вобастааст ва ба фармони Ту мутааллиқ аст. Агар бар он касе ки рузаро шикаст ҳукм фармоӣ ки он касе аст ки руза медорад, ба ростӣ, у аз он касоне шумурда мешавад, ки аз оғози беоғоз руза медоранд. Ва агар бар он касе, ки рузаро риоят мекунад, ҳукм намоӣ, ки рузаро шикаст, ба ростӣ у аз он касоне шумурда хоҳад шуд, ки пироҳани Амр ба воситаи онҳо гардолуд шуд ва аз оби софи ин чашмаи зиндагонӣ дур Туӣ Оне, ки ба воситаи Ту парчами «Туӣ Сутуда дар рафтори Худ» барафрошта шуд ва алами «Туӣ Мутоъ дар фармони Худ» баланд гардид. Эй Худои ман, ин мақомро ба бандагони Худ ошно намо, то бидонанд - Шарафи ҳар як амре аз амри Туст ва калимаи Туст ва фазли ҳар як амале аз иҷозати Ту ва иродаи Туст, то бибинанд, зимоми аъмол дар қабзаи қудрати Ту ва фармони Туст, то ҳеҷ чизе онҳоро аз Ҷамоли Ту бознадорад, ва дар ин рузҳое, ки дар он Масеҳ нутқ мефармояд: «Мулк аз они Туст Эй Офарандаи Руҳ!» ва Ҳабиб мегуяд: Ситоиш Туро сазост, Эй Маҳбуби беҳтарин, зеро Ҷамоли Худро зоҳир намудӣ ва барои баргузидагони Худ ончиро муқаддар намудаӣ, ки онҳоро водор менамояд, то ба қароргоҳи Исми Аъзами Ту бирасанд, ки аз он умматҳо ба нола даромаданд, магар оне, ки аз он чӣ ҷуз Туст, гузашт ва ба Оне руй овард, ки Намудори Ҷавҳари Туст ваПадидоркунандаи сифоти Ту». Эй Парвардигори ман! Имруз Ғусни Ту ва ононе, ки дар гирди Туанд рузаро кушоданд. Баъди оне, ки дар паноҳи Ту дар талаби хушнудии Ту руза гирифтанд. Бар у, ва бар онон, ва бар онҳое, ки дар ин рузҳо ба ҳузури Ту сарафроз гардидаанд, ҳар як некиеро, ки дар Китоби Худ муқаддар намудаӣ, дар сарнавишти онҳо бинавис. Сипас онҳоро рузӣ бидеҳ аз он чи, ки онҳоро дар дунё ва охират суд мебахшад. Антал-Алимул-Ҳаким

-Bahá'u'lláh
-----------------------

НАВРУЗ (#14618)

Наврӯз, 21 март, рӯзи нахустини сол мувофиқи тақвими баҳоист

Ситоиш туро сазост, Эй Худои ман! Чунки Наврӯзро барои ононе, ки дар роҳи муҳаббати Ту рӯза гирифтаанд ва худро аз ҳар ончи Ту макруҳ шумурдаӣ боздоштаанд, ид сохтаӣ Эй Парвардигори ман! Аз оташи меҳри Худ ва гармии рӯзаи Худ ононро дар Амри Худ барафрӯз ва ба еди Худ ва ситоиши Худ машғул дор.
Эй Парвардигори ман! Чун онҳоро ба зевари рӯза биоростӣ, ба фазли Худ ва эҳсони Худ онҳоро ба зинати қабул низ биорой. Зеро рафтори мардумон танҳо ба қабули Ту вобастааст ва ба фармони Ту мутааллиқ аст. 
Агар бар он касе ки рӯзаро шикаст ҳукм фармоӣ ки он касе аст ки рӯза медорад, ба ростӣ, ӯ аз он касоне шумурда мешавад, ки аз оғози беоғоз рӯза медоранд. Ва агар бар он касе, ки рӯзаро риоят мекунад, ҳукм намоӣ, ки рӯзаро шикаст, ба ростӣ ӯ аз он касоне шумурда хоҳад шуд, ки пироҳани Амр ба воситаи онҳо гардолуд шуд ва аз оби софи ин чашмаи зиндагонӣ дур гаштаанд.
Туӣ Оне, ки ба воситаи Ту парчами «Туӣ Сутуда дар рафтори Худ» барафрошта шуд ва алами «Туӣ Мутоъ дар фармони Худ» баланд гардид. Эй Худои ман, ин мақомро ба бандагони Худ ошно намо, то бидонанд - Шарафи ҳар як амре аз амри Туст ва калимаи Туст ва фазли  ҳар як  амале аз иҷозати Ту ва иродаи Туст, то бибинанд, зимоми аъмол дар қабзаи қудрати Ту ва фармони Туст, то ҳеҷ чизе  онҳоро аз Ҷамоли Ту бознадорад, ва дар ин рӯзҳое, ки дар он Масеҳ нутқ мефармояд: «Мулк аз они Туст Эй Офарандаи Рӯҳ!» ва Ҳабиб мегуяд: Ситоиш Туро сазост, Эй Маҳбуби беҳтарин, зеро Ҷамоли Худро зоҳир намудӣ ва барои баргузидагони Худ ончиро муқаддар намудаӣ, ки онҳоро водор менамояд, то ба қароргоҳи Исми Аъзами Ту бирасанд, ки аз он умматҳо ба нола даромаданд, магар оне, ки аз он чӣ ҷуз Туст, гузашт ва ба Оне рӯй овард, ки Намудори Ҷавҳари Туст ва Падидоркунандаи сифоти Ту».
Эй Парвардигори ман! Имруз Ғусни Ту ва ононе, ки дар гирди Туанд рӯзаро кушоданд. Баъди оне, ки дар паноҳи Ту дар талаби хушнудии Ту рӯза гирифтанд. Бар ӯ, ва бар онон, ва бар онҳое, ки дар ин рӯзҳо ба ҳузури Ту сарафроз гардидаанд, ҳар як некиеро, ки дар Китоби Худ муқаддар намудаӣ, дар сарнавишти онҳо бинавис. Сипас онҳоро рӯзӣ бидеҳ аз он чи, ки оноҳро дар дунё ва охират суд мебахшад
Антал-Алимул-Ҳаким.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

НАВРУЗ (#14574)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин дӯстон ёрони Туанд ва сармасти паймонаи паймони Ту. Ҳама парвардаи оғӯши бахшишанд, ва ширхори пистони диҳиши Худованди офариниш. Агар мустаманданд, вале ҳушманданд, агар нотавонанд, вале зӯрманданд, чӣ ки Ту пуштибонӣ, Ту Ёвари меҳрубонӣ. Дар ҷаҳони кайҳон сарбаланд намо, ва дар айвони Яздонӣ ҷой бидеҳ, дар анҷумани боло рӯсафед фармо, ва дари умед бигшо, ва аз бахшиши осмонӣ баҳра бахш, шаби тираро рӯз намо, ва рӯзи Наврузро фирӯз кун. Туӣ Тавоно, Туӣ Бино, Туӣ Шунаво, Туӣ Беҳамто, Туӣ Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

