ИЗДИВОҶ (#14643)

Ӯст Диҳанда ва Бахшанда! Ситоиш бод, бар Худованди Қадим, ҳамеша Барпо, Ҷовидон ва Поянда. Оне, ки дар ҳастии худ гувоҳӣ дод, ки ба ростӣ; Ӯст Якто ва Беанбоз ва Бекарон ва Боло. Мо гувоҳӣ медиҳем, ба ростӣ, нест Худое, ҷуз Ӯ. Ва яктоии Ӯро эътироф менамоем ва ягонагии Ӯро иқрор шудаем. Ошёни Ӯ дар баландиҳои дастнорас ва беҳамтост, дар фарози шукӯҳи Ӯ; пок аст аз ёди ҳама, ба ҷуз Худ, покиза аст, аз ситоиши ҳама, ба ҷуз Худ. Ва ҳангоме, ки Ӯ хост, бахшиш ва диҳиши худро ба мардумон падидор фармояд ва назмро дар ҷаҳон пойдор намояд, Ӯ фармонҳо фуруд овард ва қонунҳо офарид; дар миёни онҳо қонуни никоҳро барпо фармуд онро чун Қалъа аз барои хушбахтӣ ва раҳоӣ, ва онро ба мо дастур дод, дар он чӣ дар осмони покӣ дар Номаи Бисёр Пок фуруд оварда шуд. Ӯ ҳамегӯяд, бузург аст ҷалоли Ӯ: 
*“Издивоҷ намоед, эй мардум, то аз шумо тавонад он касе намудор гардад, ки Маро дар миёни бандагони Ман ёд намояд; ин аст, яке аз фармонҳои Ман бар шумо; онро пайравӣ намоед, чун ёвар барои худ”.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

ИЗДИВОҶ (#14609)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ба ҳикмати куброят иқтирон дар байни ақрон муқаддар фармудӣ, то сулолаи инсон дар олами имкон тасалсул ёбад ва ҳамвора, то ҷаҳон боқӣ, ба убудият ва ибодат ва парастиш ва ниёиши даргоҳи Аҳадиятат машғул ва маъруф гарданд. 
“Ва мо халақтун– ҷинна вал– инса илло лияъбудуни”. Ҳол, ин ки мурғи ошёнаи муҳаббататро дар малакути раҳмониятат ақди иқтирон бибанд ва василаи ҳусули файзи ҷовидон фармо, то аз иҷтимоъи он ду баҳри муҳаббат мавҷи улфат бархезад ва лаолии сулолаи наҷибаи муқаддаса бар соҳили вуҷуд резад.
”Мараҷал баҳрайни ялтақиёни, байнаҳумо барзахун ло ябғиёни. Фабиайи олои Раббикумо туказзибaни, яхруҷу миноҳумо ал– луълуъу вал марҷон”. Эй Худованди Меҳрабон! Ин иқтиронро асбоби тавлиди дурру марҷон фармо. Иннака Антал– Муқтадирул– Азизул– Ғафур– ул– Раҳмонур– Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

