ЗИЁРАТНОМА (#15678)

*Дар Равзаи Муборака ва Мақоми Аъло хонда мешавад. ҳамчунин одатан дар ёдбуди солрузи Онон зиёрат карда мешавад.
  Ситоише, ки аз Нафси Аълои ту падидор гардид ва баҳое, ки аз Ҷамоли абҳои Ту тулуъ кард, бар Ту бод, Эй Мазҳари Кибриё ва Султони Бақо ва Малики ҳар он кас, ки дар осмон ва дар замин аст. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ба воситаи Ту салтанати Илоҳӣ ва иқтидори У ва азамати Илоҳӣ ва бузургии У зоҳир шуд. Ва ба воситаи Ту дар осмони сарнавишт Офтобҳои бостон дурахшон шуданд ва аз уфуқи офариниш зебоии нопадидор рахшанда гардид ва гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки ба ҳаракате аз Қалами Ту ҳукми «Коф ва Нун» зоҳир шуд ва рози пинҳони Худованд ошкор гардид ва ба ҳар як офаридае ҳастӣ бахшида шуд ва ҳамаи Зуҳурҳо фиристода шуданд. Гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки дар ҷамоли Ту ҷамоли Маъбуд зоҳир шуд ва аз руйи Ту руйи Мақсуд дурахшид ва бо калимае аз назди Худ байни ҳамаи офариниш доварӣ кардаӣ ва мухлисони Ту ба баландтарин фароз расиданд ва мушрикин ба пасттарин пастӣ афтиданд. Ва гувоҳӣ медиҳам ба ин, ки оне ки Туро шинохт, Худовандро шинохт ва оне, ки ба дидори Ту расид, ба дидори Худованд расид. Хушо аз барои оне, ки ба ту ва гуфтори осмонии Ту гаравид ва ба фармонравоии Ту сар фуруд овард ва ба Дидори Ту сарафроз гардид ва дар гирди Ту чарх зад ва дар ру ба руйи Тахти Ту ҳозир шуд. Пас вой бар оне, ки бар Ту ситам намуд ва Туро инкор кард ва ба оёти Ту бовар накард ва ба зидди фармонравоии Ту ҷиҳод кард ва бар сари Ту лашкар кашид. Ва дар назди Руйи Ту ғурур намуд ва ба бурҳони Ту муҷодала кард ва аз ҳукумати Ту ва иқтидори Ту фирор намуд ва аз он мушрикин шумурда шуд, ки номашон бо ангушти амр дар алвоҳи поки Ту нигошта шуд. Пас аз дасти рости меҳрабонии Худ ва ғамхории Худ ба суйи ман буйи хуши бахшишҳои Худро бифирист Эй Худои ман ва Маҳбуби ман, то маро аз худ ва аз ҷаҳон ҷудо намояд ва ба саропардаи наздикии Ту ва дидори Ту бирасонад. Он чӣ хоҳӣ бар он тавоноӣ ва ба ростӣ, аз ҳама чиз болоӣ. Саноуллоҳ ва зикри У, ва Bahaullah  ва нури У бар Ту бод, Эй Ҷамолулоҳ! Гувоҳӣ медиҳам бар ин, ки чашми офариниш мазлуме чун Ту надидааст. Дар рузҳои Худ дар гирдоби балоҳо ғарқ шудӣ. Боре дар зери кунд ва занҷир гирифтор будӣ ва бори дигар дар зери шамшери душманон қарор доштӣ. Бо ин ҳама, Ту ба ҳама мардумон фармон додӣ, ки он чиро риоя намоянд, ки аз суйи Оне, ки Донанда ва Хирадманд аст дастур дода Руҳи ман фидои зулмҳое бод, ки бар Ту расид! Ва ҷони ман фидои балоҳое, ки кашидӣ! Суол мекунам Туро, ба Ту ва ононе, ки руйҳои онон аз нурҳои Руйи Ту дурахшон шуданд ва ба ононе, ки барои муҳаббати Ту он чиро, ки ба онҳо дастур дода шуда буд, риоят намуданд, то он пардаҳоеро, ки дар байни Ту ва халқи Ту монеъ шудаанд, аз миён бардорӣ ва аз дунё ва охират бар ман рузӣ бибахшоӣ. Ба ростӣ Туи Тавоно ва Баланд ва Азиз ва Омурзанда ва Меҳрабон. Баракат бифирист, Парвардигор, Эй Худои ман бар Сидраи Илоҳӣ ва бар авроқи У, ва ағсон ва афнони У, ва ба поя ва навдаҳои аз он руйида то он даме, ки Номҳои Зебои Ту ва Сифоти Болои Ту поянда аст. Сипас Уро аз бадкирдории душманон ва сипоҳи золимон муҳофизат намо. Ба ростӣ, Туӣ Муқтадир ва бисёр Тавоно. Ва боз баракат бифирист, Худоё, Эй Худои ман, бар он бандагон ва канизони Худ, ки ба ҷамоли Ту фоиз шуданд. Ба ростӣ, Туӣ Кариме, ки бахшишаш бепоён аст. Нест Худое, ҷуз Ту, Ғафур ва Карим.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

