ГУЗАШТАГОН (#14395)

Ҳуваллоҳ! Яздони меҳрубоно! Ин канизи азиз валаҳангез буд ва бо ақл ва тамиз муштоқи дидор буд ва орзуи он диёр менамуд ва бо чашме ашкбор таваҷҷӯҳ ба малакути асрор дошт, басо шабҳо, ки машғул ба роз ва ниёз буд ва басо рӯзҳо ба ёди ту ҳамдам ва дамсоз. Ҳеҷ субҳе ғофил набуд ва ҳеҷ шоме офил нагашт. Монанди мурғи хушоҳанг ҳар дам ба тиловати алвоҳ ва оётат машғул буд ва ба масобаи оина орзуи нури таҷаллӣ менамуд. Эй Омурзгор, ин ҳушёрро ба боргоҳи бузургвории Хеш роҳ деҳ ва ин мурғи дастомӯзро ба ҳадиқаи бақо парвоз бахш, ин муштоқи пурэҳтироқро ба висоқи висол дохил кун ва ин ошуфтаи парешонро аз ҳирмон наҷот бахш, ва ба айвони раҳмон дарор. Эй Парвардигор, ҳарчанд гунаҳкоронем, Туӣ Омурзгор, ҳарчанд ғариқи баҳри исёнем, Туӣ Худованди Меҳрубон, афви қусур фармо ва мағфирати мавфур бинамо, файзи ҳузур бахш ва саҳбои сурур бинӯшон. Мо асири хатоем ва Туӣ амири ато, мо ғариқи маъсиятем ва Ту Худованди раҳмати кубро. Ҳарчи ҳастем мансуб ба остони Туем ва ҳарчи бошем муқими даргоҳи Ту. Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Поянда ва Меҳрубон ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Азимул– эҳсон ва Касирул– ғуфрон. Иннака Антат– Таввобу ё Раббал– арбоб.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14396)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Нафси нафисe ба Малакути шуҳуд сууд намуд, ва аз хокдони фонӣ ба ҷаҳони ҷовидонӣ шитофт. Меҳмони ҷадид аст, азиз фармо, бандаи қадим аст, хилъати бадеъ ато кун. Эй Беанбоз! Биёмурз ва бинавоз, ва ба хилватгоҳи роз роҳ деҳ, ва дар маҳфили таҷаллӣ ҳамдам ва дамсоз намо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Меҳрабон, ва Туӣ Омурзанда, ва Навозанда ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14397)

Ҳувал Абҳиял Абҳо! Эй Парвардигор! Ту Омурзгорӣ! Эй Кирдигор, Ту Бузургворӣ! Ин бандаи азизро дар нузли иззатат маъво деҳ, ва ин бечораи афтодаро дар ҷивори раҳматат сар ва сомон бахш. Аз ҷоми Лиқо бинушон ва дар зилли Шаҷараи Тубо маскан ва маъво деҳ. Ба мавҳибати Лиқо мушарраф дор, ва ба саодати абадия муаззаз фармо. Ва бозмондагони он нафси нафисро муайяд фармо, то бар қадами он падари азиз рафтор намоянд, ва ба хулқ ва хӯи ӯ байни оламиён машҳур шаванд. Роҳи Ту пӯянд ва ризои Ту ҷӯянд ва санои Ту гӯянд. Туӣ Худованди Меҳрабон, ва Туӣ Яздони Маннон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14398)

Ҳувалабҳо! Омурзанда ва Меҳрубоно! Ин ҷонҳои пок аз зиндони хок озод шуданд ва ба ҷаҳони Ту парвоз карданд. Некхӯ буданд ва мафтуни рӯи Ту ва ташнаи ҷӯи Ту. Дар замони зиндагонӣ ба нафҳаи раҳмонӣ зинда буданд, дидаи бино ёфтанд, гӯши шунаво доштанд. Аз ҳар бастагӣ озод буданд ва пайваста ба иноятат хуррам ва дилшод. Ҳол ба ҷаҳони роз парвоз намуданд ва дар ҷивори раҳматат ба шаҷараи Тубо лона ва ошёна созанд ва ба нағма ва тарона пардозанд. Худоё, ин нуфусро гуноҳ биёмурз ва аз чоҳ ба авҷи моҳ бирасон. Дар гулшани алтоф роҳ деҳ ва дар чамани афв ва ғуфрон паноҳ бахш, сарвари озодагон намо ва дар ҳалқаи муқаррабон дарор. Бозмондагонро навозиш фармо ва осоиш бахш, ва зевари олами офариниш кун, то ба ситоиши Ту пардозанд ва ба тасбеҳ ва тақдиси Ту. Туӣ Аффув, Туӣ Ғафур, Туӣ Омурзанда ва Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14399)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин нафси пок таваҷҷӯҳ ба малакути Ту намуд, ва тазаррӯъ ва зорӣ кард, то ҳол асири носут буд, ҳол қасди вуруд дар малакути бақо намуд ва таваҷҷӯҳ ба малакути ҷаҳонӣ кард, ва умеди алтофи номутаноҳӣ дошт. Эй Омурзгор, гуноҳ биёмурз ва афв ва ғуфрон мабзул дор, ин ташнаро ба чашмаи ҳаёт расон ва ин моҳиро дар баҳри бепоёни ғуфрон ғӯта деҳ, то ин тайр ба гулшани раҳмонӣ парвоз намояд ва дар ҳадиқаи афв ва мағфирати номутаноҳӣ дарояд. Туӣ Омурзанда ва Бахшанда, ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14400)

Ҳуваллоҳ! Эй Худои Омурзанда! Модари меҳрубони маро гуноҳ биёмурз. Қусур афв фармо. Назаре иноят бинамо ва дар малакути Хеш дохил кун. 
Худоё! Маро аз бадве ҳаёт тарбият намуд, парвариш дод, вале ман мукофоти заҳамоти ӯ нанамудам. Ту мукофот фармо. Ӯро ҳаёти абадия бахш ва дар малакути Хеш азиз фармо. Туӣ Омурзанда ва Бахшанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14401)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди бемонанд! Ин мустаманд ба даргоҳат афтода. Шӯрида ва ошуфта, шефта ва дилдода талаби омурзиш аз барои модари меҳрубон менамояд. Туӣ Бахшандаи Ягона, ва Диҳандаи ҳар ошно ва бегона. Омурзиш фармо, то сабаби резиши борони раҳмат гардад ва парвариши ҷони он канизи мӯҳтарам. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Пояндаи Ҳазрати Яздон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14402)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, падар ва модари ин бандаи даргоҳро дар дарёи ғуфрон ғута деҳ ва аз хато пок ва муқаддас намо. Афв ва бахшиш шоён намо ва ғуфрон ва омурзиш арзон кун. Туӣ Омурзанда ва Туӣ Ғафур ва Туӣ Бахшандаи файзи мавфур. Эй Омурзгор, ҳарчанд гунаҳкорем вале умед ба ваъд ва навиди Ту дорем ва ҳарчанд дар зулмати хато мубталоем, валекин таваҷҷӯҳ ба субҳи ато дошта ва дорем. Ба он чӣ сазовори даргоҳ аст, муомила кун ва ҳар чӣ шойгони боргоҳ аст, шоён фармо. Туӣ Ғафур, Туӣ Аффув ва Туӣ Бахшандаи ҳар қусур.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14403)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Бандапарвар! Падари ин меҳрпарварро ба биҳишти барин раҳбар шав, ва аз гуноҳ ва хато даргузар, то дар ҷаҳони дигар бо рухи мунаввар дар миёни озодагон машҳур гардад, ва ба назари иноят манзур. Туӣ Карим ва Раҳим ва Ғафур ва Рауф ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14404)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигори Омурзгор! Ин тифли кӯдак сироҷи маҳфил буд ва мурғи хушилҳони он манзил. Ҳар субҳ тиловати оёт менамуд, ва ба абдаъи илҳон тартили каламот мекард. Булбули гӯё буд, ва ба оҳанги Малаъи аъло дамсоз. Ҳол аз гулхани фонӣ ба гулшани боқӣ парвоз намуд, то дар малакути роз ба нағма ва овоз пардозад. Эй Парвардигор! Алтофи бепоён шоён кун ва ғуфрон ройгон фармо. Туӣ Омурзанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14405)

Ҳуваллоҳ! Омурзгоро, Эзиди бузургворо, ин ҷонҳо монанди мурғони тезпар аз доми хокдон озод шуданд ва ба ҷаҳони осмон парвоз намуданд, аз лонаи хок раҳиданд ва ба ошёнаи ҷаҳони пок париданд, ба ин умеданд, ки дар гулшани равшани ҷаҳони боло бар сарви боғи биҳишт нишеман ҷӯянд ва дар кохи омурзиш ҷой гиранд. Худованди Меҳрабоно, ҳар равони покро ба даргоҳи Изадӣ роҳ деҳ ва ҳар мустаманди бечораро дар минуи ҳумоюнии Хеш арҷманд фармо ва дар дарёи диҳиш ва бахшиш андоз, ва дидани рӯи тобон раво дор. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Омурзанда ва Меҳрабон, ва алайкум Баҳоул Абҳо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

ГУЗАШТАГОН (#14406)

Ҳуваллоҳ! Бахшанда Яздоно! Ин бандагон озодагон буданд, ва ин ҷонҳои тобон ба нури ҳидоятат равшан ва дурахшанда гаштанд. Ҷоми саршор аз бодаи муҳаббатат нӯшиданд, ва асрори бепоён аз автори маърифатат шуниданд. Дил ба Ту бастанд, ва аз доми бегонагӣ ҷастанд, ва ба ягонагии Ту пайвастанд.  Ин нуфуси нафисаро аниси лоҳутиён фар– мо, ва дар ҳалқаи хосон дарор, ва дар хилватгоҳи олами боло маҳрами асрор кун, ва ғариқи баҳри анвор фармо. Туӣ Бахшанда ва Дурахшанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

