БОНУВОН (#14628)

Бисмиллоҳил Муҳайминил Қайюм! Эй канизи Ман, ба ин баён, ки аз машриқи фами Раҳмон ишроқ намуда, нотиқ бош! Эй Парвардигори ман ва Якто Худованди Бемонанди ман! Шаҳодат медиҳам ба яктоии Ту ва ба ин ки аз барои Ту вазир ва муъине набуда ва нест. Ламязал якто будаӣ, ва лоязол хоҳӣ буд. Эй Худои ман ва Маҳбуби ҷони ман! Имрӯз рӯзест, ки Фуроти раҳмат ҷорӣ, ва офтоби карам мушриқ, ва самои иноят муртафеъ аст. Қасам медиҳам Туро ба Исми Сатторат, ки он чӣ ба ғайри ризои Ту амал шуда, сатр фармоӣ ва ба Исми Ғафурат аз мо даргузарӣ ва бо хилаъи ғуфрон ибод ва эмои Худро музайян дорӣ. Эй Маҳбуби ман ва Мақсуди ман! Мушоҳида менамоӣ канизи Худро, ки ба Ту таваҷҷӯҳ намуда, ва ба нори муҳаббатат муштаил гашта, ва ба бениёзии Ту тамассук ҷуста, ва дастҳои риҷоро ба шатри Ту баланд намуда. Ато фармо он чиро, ки сазовори Туст. Эй Парвардигори ман! Дар ин рӯзи муборак канизони Худро маҳрум мафармо, ва аз Қалами Аъло аҷри Лиқо аз барои кулл сабт намо.
Туӣ Муқтадир ва Тавоно, ва Туӣ Бино ва Доно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

БОНУВОН (#14629)

Бигӯ Эй Илоҳи ман, ва Маҳбуби ман, ва Сайиди ман, ва Санади ман, ва Мақсуди ман! Шаҳодат медиҳад, ҷон ва равон ва лисон ба ин ки воҳид будаӣ, ва шибҳ ва мисл барои Ту набуда ва нахоҳад буд. Ҷамеъи алсун аз васфат оҷиз ва ҷамеъи қулуб аз ирфонат қосир буда ва хоҳад буд. Эй Парвардигори ман! Аҷз ва фақр ва фанои канизи худро мушоҳида менамоӣ. Ин соиле аст, иродаи боби Ту намуда, ва фақире аст, қасди дарёи ғанои Ту карда. Суол мекунам аз Ту, ба дарёи бахшиши Ту ва офтоби иноят ва самои фазли Ту, ки муқаддар фармоӣ аз Қалами Аъло аз барои ин амаи Худ, он чӣ сазовори бузургии Туст.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

БОНУВОН (#14630)

Ҳуваллоҳ! Эй багум! Асҳоби нор бош ва аҳли риё мабош! Кофир бош, ва мокир мабош! Дар майхона сокин шав, ва дар кӯчаи тазвир марав! Аз Худо битарс ва аз мулло матарс! Сар бидеҳ ва дил мадеҳ! Зери санг қарор, гир ва дар сояи таҳтулҳанак маъво магир! Ин аст, овозҳои Найи қудсӣ ва нағамоти Булбули Фирдавсӣ, ки ҷасадҳои фониро ҷоне бахшад, ва ҷисми туробиро равон ва Руҳи Масеҳӣ диҳад ва нури Илоҳӣ бахшад, ва ба ҳарфе олами фониро ба мулки боқӣ кашад.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

БОНУВОН (#14631)

Ҳамд Туро Эй Худои ман! Яке аз канизони Ту, ки ба Ту ва ба оёти Ту имон овардааст, дар зери сояи дарахти ягонагии Ту ворид шуд. Суол мекунам Туро эй Худои ман, ба Исми Ту, ки Ошкору Ниҳон аст, то бигузорӣ ки ӯ аз Шароби ноби махтуми Ту биёшомад, то ки он ӯро аз худ дур созад ва комилан ба ёди Ту мутеъ гардонад, ва аз ҳама кас ба ҷуз Ту мунқатеъ созад. Эй Парвардигори ман, акнун ки илми Худро бар ӯ ошкор сохтаӣ, ба фазли Худ ӯро аз файзат маҳрум мафармо, ва алҳол, ки ӯро назди Худ хондаӣ, ба фазлат ӯро аз Худ дур насоз. Пас, ӯро бо он чӣ  ки бартар аз ҳамаи он чи, ки руи замини Ту мавҷуд аст таъмин кун. Ба ростӣ Туӣ Бахшояндатарин ва бахшишат азим аст. Агар бар яке аз офаридаҳоят он чиро, ки ба мулки замину осмон баробар бошад, ато кунӣ, ба қадри заррае аз мулкат кам нахоҳад шуд. Ту хеле бузургтарӣ аз он, ки мардум хоҳанд Туро Бузург номанд, зеро ин унвон танҳо яке аз номҳои Туст, ки ҳамаи онҳо танҳо ба ишораи иродаи Ту офарида шудаанд. Нест Худое ҷуз Ту, Муқтадир, Мутаол, Алим ва Карим.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

БОНУВОН (#15669)

Илоҳо, Маъбудо, Мақсудо! Фақире аз фуқаро қасди баҳри ато намуда ва ҷоҳиле аз ҷуҳало батаҷаллиёти офтоби илмат таваҷҷуҳ карда. Суол мекунам Туро ба дамоъе, ки дар роҳи Ту дар Эрон рехта шуд, ва ба нуфусе, ки сатвати золимин ва зулми мушрикин ишонро аз таваҷҷуҳ ба Ту манъ манамуд, ва аз тақарруб боз надошт, ин ки канизи худро аз нуоқи ноиқин ва шубаҳоти мурибин ҳифз фармоӣ, ва дар зилли қибоби Исми каримат маъво диҳӣ. Туӣ Қодир бар кулл ва Муҳаймин бар кулл. Ашҳаду ва ташҳадул ашё куллаҳо би аннака Антал Муқтадирул Қадир.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

БОНУВОН (#14540)

Ҳуваллоҳ! Эй аматуллоҳ! Розӣ ба қазо бош ва ҳар навъ, ки тақдир маҷро менамояд хушнуд гард. Ҳамчунон гумон манамо, ки ончи орзуи инсон аст, хайри инсон аст. Чи бисер орзу адувве ҷон аст ва сабаби зиллат ва ҳавон. Пас умурро ба яди қудрат таслим намо, ва аз худ хоҳиш мадор. Албатта фазл шомил гардад ва ончи сабаби хайри ту аст, ҳосил шавад. Ва алайкат таҳияту вас сано.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

БОНУВОН (#14541)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин канизро дар малакути иззатат азиз намо ва ин эморо дар остони муқаддасат мақбул фармо, қулубашонро мунаввар кун, то сазовори остони Аҳадиятат гарданд ва ба ибодат ва хидмат ва тазарруъ ва аҷз ва ниёз пардозанд. Ба зикри Ту зинда гарданд ва ба муҳаббати Ту ҳаёти ҷовидонӣ ёбанд. Антал Карим, ва Антал Раҳим, ва Антал Азизул Раъуфул Раббил Қадим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

БОНУВОН (#14542)

Ҳуваллоҳ! Пок Яздоно, Худованди меҳрабоно, шукр Туро, ки ин эморо азиз намудӣ ва ин ночизонро тоҷи мавҳибат бар сар ниҳодӣ, дари бахшоиш гушудӣ ва рух бинамудӣ ва дилҳо бирабудӣ. Эй Раббӣ Вадуд, ситоиш натавонем ва аз ӯҳдаи ниёиш барнаёем, оҷизем ва ночиз, қосирем ва бетамиз, вале рӯи Ту ҷӯем, сӯи Ту пӯем, санои Ту гӯем, асири занҷири муҳаббатем ва дастгири амири кишвари мавҳибат, шукр Туро, ки шаҳду шакар ба комҳо рехтӣ ва ин канизонро комёб намудӣ. Алҳамду лака вал шукру лака вал фазлу лакал мавҳибату минка. Иннака Антал Муқтадирул Атуфул Рауф.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

БОНУВОН (#14543)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованд! Ин канизи мустамандро дар малакути Хеш қабул намо, ва ба файзи абадӣ маҳзуз фармо. Ҷоми ишқ бинӯшон ва нури ирфон бибахш. Дар чашмаи Айюб ғӯта деҳ ва аз меҳан ва оломи ахлоқи башарӣ шифо бахш. Партаве аз сифоти Хеш мабзул фармо. Осмонӣ кун, Раббонӣ намо. Нафасоти Руҳулқудс бидам. Ба руҳи ваҳдати олами инсонӣ зинда намо. Лисони нотиқ деҳ. Қалби фориғ бахш. Ҳуҷаҷ ва бурҳон илҳом кун ва сабаби ҳидояти нуфус фармо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Доно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

